Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

633436
Сегодня
105
На этой неделе
105
В этом месяце
4045
Итого
633436

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 18.10.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –81,5 %, Пӯлотон – 85,9%, Ғ.Ортиқов – 85,0%, Р. Ҳамробоев – 105,5%, Э.Шарифов – 88,7%, А.Лоҳутӣ –84,2%. Ҳамагӣ: 90,9%

03.03.2018

Чорабинии сиёсӣ ва фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Модар

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи занон фармудаанд: «Бузургии зан – модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки зан чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва баркамол расонандани фарзанд аст.

Санаи 2 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи Модар бо дастгирии роҳбари тарабхонаи «Корвон» аъзои ҲХДТ, бо иштироки беш аз 70 нафар собиқадорони ҳизб ва меҳнат чорабинии сиёси фарҳангӣ-тарбиявӣ таҳти унвони «Модар - сарчашмаи ҳаёт!» ташкил карда шуд.

Дар он муовини раиси шаҳр Замирахон Ашурматзода иштирок ва суханронӣ намуда, номаи табрикии раиси шаҳр Ғайбулло Боҳириро ба муносибати ин ҷашн ба самъи ҳозирин расонид. Дар идомаи суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки собиқадорони ҳизб ва меҳнат дар соли ҷашни пуршукуҳи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳрамон баргузор мегардад, нақши муассире мегузоранд.

Дар ҷараёни чорабинӣ якчанд собиқадорон  ба сухан баромада, барои ғамхориву таваҷҷуҳ ба роҳбарияти шаҳр ва ҳизб арзи сипос намуданд.

Баромади рангини толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 ва донишҷӯёни коллеҷи омӯзгорӣ қисми фарҳангии чорабиниро басо рангину фараҳманд ва хотири ҳозиринро шоду болида намуд. Қироати шеъру саҳначаҳо, иҷрои сурудҳои дилнишин, баёни таронаҳои дилангез дар васфи бузургии зан-модар буд, ки аз ҷониби иштирокдорони чорабинӣ самимона пазироӣ гаштанд.

Барои собиқадорони ҳизб ва меҳнат аз ҷониби Комиҷроияи ҳизбӣ ба ҳамаи иштирокчиён туҳфаҳои хотиравӣ ва дастурхони идона ороста шуда, аз ҷониби санъаткорони мумтози бахши фарҳанги шаҳр дар хизмати собиқадорон буданд ва  то дер хурсандӣ намуданд.

Чорабинии идонаи ҳизбӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо  шукуҳу шаҳомати хоса доир гардида, иштирокдорон аз он таассуроти хоса гирифтанд.

Дар фарҷом ҷонишини раиси КИШ ҲХДТ Холматова Х. аз номи Комиҷроияи ҲХДТ иштирокчиёнро бо рӯзи Модар табрик намуда, тансиҳативу хонаободӣ ва саодати рӯзгорро таманно карданд.

Инчунин вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Заррина Ғафурова, собиқадори ҳизб Муқаддас Холиқова ва рӯзноманигори нашрияи «Садои Конибодом» Фирӯза Абдулазизова баромад намуда, бо суханони табрикотӣ баромад намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей