Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

377811
Сегодня
447
На этой неделе
10845
В этом месяце
19577
Итого
377811
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

02.03.2018

Маросими ифтитоҳи гузаргоҳ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯзи гузашта дар вазъияти тантанавӣ сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон дар гузаргоҳи «Равот-Рават» расман кушода шуд. Аз ҷониби Раиси шаҳри Конибодоми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайбулло Боҳирӣ ва Раиси вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниев лентаи рамзӣ бурида шуд. Ба ин муносибат дар сарҳади ҳар ду давлатҳо дар ин минтақа чорабинии бошукуҳ доир гашт.

Нахуст Раиси вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниев ба сухан баромада, кулли сокинони ҳарду кишварро ба ифтихори барқарор шудани муносибату робитаҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек шодбош гуфта, итминон зоҳир кард, ки ин риштаи дӯстӣ, ки дубора пас аз чандинсолаҳо аз нав барқарор шуд, ҷовидона боқӣ монда, баҳри рушди кишварҳо мусоидат хоҳад кард. Сипас Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ низ ба сухан баромада, кушодашавии сарҳадҳоро рӯйдоди дарвоқеъ бузурги таърихӣ тазаккур дод ва хушнудии беканори мардуми тоҷикро аз ин воқеаи фараҳбахш баён кард. Қайд намуд, ки минбаъд муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя ва дӯсту бародар боз ҳам қавитар гардида, баъзе монеаҳои мавҷуда аз байн бардошта мешаванд ва дар самти густариши ҳамкориҳои минбаъда, бахусус рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавии халқҳои тоҷику ӯзбек нақши муҳим хоҳад бозид.

Баъдан меҳмонон пас аз гирифтани дуои неки куҳансолон шоҳиди барномаи фарҳангии ҳарду ҷониб гаштанд.

Аз ҳар ду тараф дастурхони идона ороста шуда, оши дӯстӣ дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки айни ҳол гузаргоҳи Патар-Андархон шабонарӯзӣ барои равуо кушода буда, мардуми дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурамон низ аз он истифода менамоянд.

 


 

                                                        

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дафтари матбуоти раиси шаҳр

Возврат к списку новостей