Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

353097
Сегодня
228
На этой неделе
783
В этом месяце
11968
Итого
353097
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

12.01.2018

Мулоқоти гуруҳи корӣ бо зиёиён

Дар маркази маърифатӣ-фарҳангии «Муроду мақсад» мулоқоти навбатии аъзоёни гуруҳи корӣ вобаста ба ташреҳи нишондодҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд. Он таҳти роҳбарии раиси шаҳр Боҳирӣ Ғайбулло Нозир ҷараён гирифта, ҳайати гуруҳ зимни суханронии хеш аз нуктаҳои асосии Паёми солонаи сарвари давлат ёдовар шуданд. Дар Паёми Пешвои миллат роҳи минбаъдаи рушди мамлакат, барномаи фаъолияти Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба таври возеҳу равшан баён шуданд. Дар он ҳамаи самтҳои пешрафту инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба таври хеле васеъ роҳандозӣ гардида, амалӣ намудани ҳамаи он нишондодҳои дар Паём овардашуда аз ҳар як сокини кишвар масъулияти бештарро тақозо дорад.- гуфта шуд аз ҷониби баромадкунандагон.

Ҳамзамон, вобаста ба сиёсати хориҷии мамлакат, тадбирҳои ҳукумати кишвар ҷиҳати таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ, амнияти миллӣ, ҳадафҳои олии кишвар ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат нисбати шаҳрвандон ва рушди босуботи мамлакат  ҳарф заданд.

Дар мулоқоти мазкур, ки бо зиёиён ва аҳли фарҳанги шаҳр сурат гирифт, омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони бахши фарҳанг баромад намуда, ҳамраъйии худро ба нуктаҳои Паём иброз доштанд. Зикр карданд, ки ҳар як нуктаи Паёмро роҳнамои кору зиндагӣ қарор дода, бахри иҷрои нишондодҳои он аз шароиту имконот истифода мебаранд.

Раиси шаҳр мулоқотро ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки сокинони сарбаланди шаҳри Конибодом баҳри расидан ба ҳадафҳои олии кишвар ва амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат дастаҷамъонаву софдилона меҳнат менамоянд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей