Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

237765
Сегодня
15
На этой неделе
2119
В этом месяце
7753
Итого
237765
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи соли 2017 ************* Диққат озмун

12.01.2018

Натиҷагирӣ аз фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2017

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2017 бо иштироки сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳаким Ҳакимзода маҷлиси фаъолон баргузор гардид.
Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд.
Илҳом Ҳомидӣ, муовини раиси шаҳр доир ба бурду бохти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр давоми соли сипаригашта иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки «Дар тӯли соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи – 95,9 фоиз, андози иҷтимоӣ 93,3 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,6 фоиз таъмин гардид. Аз 12 намуди сарчашмаи андозҳо (бо андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) иҷроиши 9 намуди андозҳо таъмин карда шуд.  Аз ҳисоби таъмин нашудани иҷрои нақшаи 3 намуди андоз ба буҷет 4 млн. 837 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Соли 2017 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 193 млн. 849 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш 150,3 фоиз ва нисбати уҳдадории қабулшуда 3 млн. 849 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ҶДММ Конибодом-Коттон, ҶДММ Нафтрасон, Коргоҳи таъмири қатораҳо, ҶС Зарбед, ҶДММ Текс-трейд, ҶДММ Ориё- Коттон, ҶДММ Меваи Канд, ҶДММ Ниҳол ГДТ, ҶДММ Созмон ГДТ, ҶС Набӣ Фахрӣ ва ҶДММ Шӯҳрати Суғд босамар фаъолият намуданд. Бо баробари  ин ҳолати кор дар ҶС Ресмон, ЧС Конибодом, КИ Ясминаи Канд, ҶС Конибодоммаснуот ва ҶДММ Билол групп ба талабот ҷавобгӯ набуд, – зикр намуд мавсуф.

Дар давраи ҳисоботӣ баҳри боз ҳам беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо қувваи барқ аз тарафи Шабакаҳои барқи шаҳр корҳои муайян ба сомон расонида шуда бошад ҳам, вазъи кор дар самти пардохти маблағи барқи истифодашуда ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 22 млн. 783 ҳазор сомонӣ қувваи барқ истифода шуда,  18 млн. 822 ҳазор сомонӣ пардохт гардид, ки  83,0 фоизи маблағи қувваи барқи истифодашударо ташкил медиҳад. Аз ҷумла, пардохти маблағи қувваи барқ аз тарафи аҳолӣ  ба  84,0 фоиз рост меояд.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 331 миллиону 369 ҳазор сомониро ташкил дода, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дар сатҳи 110,0 фоиз иҷро гардид.

Дар ин давра аз ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ сохтмони 21 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун ба маблағи 7 миллиону 314 ҳазор сомонӣ ва таъмири 10 адад бино ва иншоотҳои маданию фарҳангӣ ба маблағи 270 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуд.

    Дар самти роҳи Конибодом-Деҳмой ва Конибодом-Равот корҳои таъмиру ободонӣ ба дараҷаи назаррас амалӣ гардида, дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ба масофаи 2,1 км, дар ҷамоати деҳоти Э.Шарифов 07 км ва дар ҳудуди шаҳр 500м2 роҳҳо асфалтпӯш карда шуд.    

     Роҳи кучаи Айнӣ  аз тарафи коорпоратсияи  роҳи оҳани  давлати Чин сохта шуда истодааст, ки фармоишгараш Вазорати Нақлиёт ва роҳҳои автомобилгарди  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад. Мувофиқи нақша сохтмони роҳи кӯчаи  Айнӣ  моҳи июни соли  2018 анҷом ёфта ба истифода дода мешавад.

Дар заминаи иқдоми Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ оиди эълон шудани “Соли 2017 – соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ” Сохтмони иншооти баландфишори обии Пойменная ба маблағи 560 ҳазор доллари Америкои идома дорад ва   бояд то санаи 25 марти соли 2018 ба истифода дода шавад. 

    Дар олимпидаи фаннии ҷумҳуриявӣ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр соҳиби 1 медали тилло, 5 медали биринҷӣ гаштанд. Аз теъдоди умумӣ 5 нафар хонандагони аълохон гирандагони идрори президентӣ ва 30 нафар гирандагони идрори раиси шаҳр мебошанд. Дар озмуни «Ихтироъкорони наврас» ва озмуни телевизионии “Бозёфт” хонандаи синфи 11-и МТМУ №36 Мамадов Шаҳзод ҷойи якумро ишғол намуда, соҳиби ҷоизаи Раиси вилояти Суғд (5000 сомонӣ) ва тӯҳфаҳои арзишноки панҷ адад ширкатҳои техникӣ гардид. Хонандаи синфи 11-уми МТМУ №34 Бегмуродов Юсуф оид ба намуди варзиши сабук (давидан ба 100 метр) чемпиони ҷумҳурӣ гардида, дар чемпионати ҷаҳон аз номи Тоҷикистон иштирок кард.

Соли ҷорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва падару модарон  барои таъмири муассисаҳои таълимӣ 679 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ карда шуд, ки аз он 628 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 51 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳои таълимии томактабӣ рост меояд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти  ба номи А. Лоҳутӣ сохтмони бинои нави таълимӣ дар МТМУ №29 барои 660 нафар хонанда идома дорад.  Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ба 29 адад медали тилло, 32 адад  нуқра ва 66 биринҷӣ ноил гардиданд.  

Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ аз роҳбарони сохторҳо роҷеъ ба камбудиву муаммои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати бартараф намудани нуқсонҳои фаъолият муҳлат ва дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки дар самти пешгирии пошхӯрии оилаҳо, ҷоннок намудани фаъолияти Шӯрои занони кумитаи маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои деҳот, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр, беҳбуд бахшидан ба вазъи таълиму тарбия, бартараф намудани қарздории сокинон аз истифодаи қувваи барқ, сифатан беҳтар намудани фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида шавад.

Сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳаким Ҳакимзода баромад намуда, доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят иттилоъ дод. Мавсуф аз фаъолони шаҳр даъват ба амал овард, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои алоҳидаи шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиёти мардум саъю кӯшиш намоянд.
        Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ дар фароварди маҷлиси фаъолон таваҷҷуҳи ҳозиринро баҳри иҷрои нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2017 ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2017 ва вазифаҳое, ки барои соли 2017 муайян гаштанд, ҷалб намуда, даъват ба амал овард, ки роҳбарони соҳа баҳри фаъолияти густурда ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои назаррас дар соли ҷорӣ аз тамоми имконот ва сарчашмаҳо истифода намоянд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


                                                                                          Дафтари матбуоти
                                                                                     раиси шаҳри Конибодом

Возврат к списку новостей