Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

237765
Сегодня
15
На этой неделе
2119
В этом месяце
7753
Итого
237765
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи соли 2017 ************* Диққат озмун

10.01.2018

Идомаи вохӯриҳои гуруҳи тарғиботӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев

Мулоқотҳои гуруҳи кории дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ оид ба шарҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳот идома доранд. Чунин як мулоқот бо сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Замира Ашурматзода доир шуд.

Зимни мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 Раҷабов Равшан Муҳитдинович, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Умед Бобозода, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Фурқат Ҳамидов, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ботур Алимов ва муовини Сардори Раёсати кор бо зан ва оилаи вилояти Суғд Мавлонова Муяссара оид ба нуктаҳои асосии Паём суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, зикр гашт, ки Паёми Пешвои миллат роҳнамои дурахшон барои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар маҳсуб ёфта, нишондиҳандаҳои иқтисодии кишварро муайян намуд. Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6, савдои чакана 6,6 ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 фоиз нигоҳ дошта шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид.

Мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ботур Алимов доир ба эълон шудани "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" андешаронӣ намуда, зикр дошт, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад.

Мулоқот самимӣ сурат гирифта, сокинон ҷонибдории худро ба нуктаҳои Паёми имсола иброз доштанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей