Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

334338
Сегодня
406
На этой неделе
1443
В этом месяце
10457
Итого
334338
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

03.01.2018

Ба ифтихори 70-солагии адиби хушсалиқа Юсуфи Аҳмадзода

Бахшида ба 70-солагии адиби хушсалиқа Юсуфи Аҳмадзода дар асоси нақшаи чорабиниҳои Шӯрои собиқадорони шаҳр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ҷамъомади бошукуҳ доир гашт. Дар китобхонаи мактаб намоиши китобҳои адиб ташкил карда шуд. Ҳамзамон, дар китобхона аз рӯи китоби Юсуф Аҳмадзода «Марзи баланд» бо хонандагон суҳбат гузаронида шуд, ки он асосан ба фаъолияти меҳнатии собиқ хатмкунандагони ҳамин мактаб Ҳомидҷон Неъматов, Набиҷон Иномов ва раиси колхози Москва Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Энаҷон Бойматова бахшида шудааст. Дар китобхонаи бачагонаи шаҳр, китобхонаи марказӣ ва китобхонаҳои ҷамоатҳо доир ба эҷодиёти Ю.Аҳмадзода намоиши китобҳо ва суҳбату мулоқотҳо шуда гузаштанд.

Бояд ёдовар шуд, ки Юсуфҷон Аҳмадзода 29 декабри соли 1974 дар маҳаллаи Тезгузари Ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Шоир ва нависандаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Нахустин маҷмӯаи ӯ бо номи «Хурсандӣ» соли 1984 аз чоп баромадааст. Минбаъд китобҳои дигари ӯ дар анвои гуногуни адабӣ бо номҳои «Ҳулбӯ», «Садсола шаве, дурроҷ», «Панҷоҳ барг», «Парвин», «Марзи баланд», «Мӯрчае дона ёфт» ва «Абри сафед» рӯи чопро дида, миёни хонандагон- кӯдакону калонсолон маҳбубияти хоса пайдо карданд.

Хидматҳои Ю.Аҳмадзода дар соҳаи матбуот ва адабиёт бо ордени «Шараф» ва нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» тақдир шудаанд.

 

 

Возврат к списку новостей