Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

628191
Сегодня
250
На этой неделе
935
В этом месяце
169353
Итого
628191
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

02.01.2018

Чорабинии шаҳрӣ бахшида ба Соли нави 2018

Шоми 31 декабр дар маркази шаҳр ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2018 чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ иштирок ва суханронӣ намуда, сокинони шаҳрро ба ин муносибат самимона табрику муборакбод гуфта, баҳрашон сиҳатмандии комил, бахту иқболи накӯ, рӯзгори ободу фаровон ва барору комёбиҳо орзу кард. Зикр дошт, ки соли 2017 дар саҳифаҳои таърихи кишвар пеш аз ҳама, ҳамчун соли таҷлили пуршукӯҳи ҷашни 25 - солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд. Он ҳамчун соли дастовардҳои беназир, мавриди истифода қарор дода шудани иншоотҳои ҳаётан муҳим, баргузории чандин ҳамоишҳои бонуфузи байналмилалӣ дар кишвар ва дигаргуниҳои бузурги бунёдкориву созандагиҳо арзёбӣ гардида, дар хотири ҳар яки мо чун соли накӯ нақш хоҳад баст.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар соли 2017 тавассути ташаббусҳои дастаҷамъона дар маҳалу деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва таълимгоҳҳо бевосита бо дастгирии сокинон, ҳамчунин соҳибкорону саховатмандон корҳои ободонӣ, бунёди марказҳои саломатӣ, кӯдакистонҳо ва синфхонаҳо  сурат гирифта, аз ҷониби чунин саховатмандон теъдоди зиёди ниёзмандон дастгирӣ гардиданд.

Умед бар он намуд, ки дар соли нави 2018 низ дар натиҷаи кӯшишу матонати дастаҷамъона, таҳти сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти кишвар ташаббусҳои наҷиб рӯи кор омада, тадбирҳои нек амалӣ хоҳанд шуд.

Барномаи рангини консертии дастаи санъаткорони шаҳр ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо шоми солинавиро пуршукуҳ сохт.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей