Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

237765
Сегодня
15
На этой неделе
2119
В этом месяце
7753
Итого
237765
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи соли 2017 ************* Диққат озмун

29.12.2017

Пирӯзии ихтироъкори навраси шаҳр дар озмуни ҷумҳуриявии «Бозёфт»

Тавре маълум аст, чор сол инҷониб Муассисаи давлатии Телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” озмуни телевизионии ихтироъкорони наврас «Бозёфт»-ро баргузор менамояд. Имсол низ озмуни мазкур дар се давр бахшида ба Соли ҷавонон баргузор гардид. Ҳадафи аслии озмуни ҷумҳуриявӣ ин дарёфти кӯдакон ва наврасони боистеъдоду ихтироъкор мебошад.

Дар рафти озмун аз ҷониби кӯдакон ва наврасони боистеъдод ихтироъкорӣ ва навоварии риштаи техникӣ ба ҳайати ҳакамон пешниҳод мегардад.

Имсол  дар даври ҷумҳуриявӣ 13 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аъзоёни маҳфилҳои равияи техникии марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд. Дар даври ниҳоӣ 5 нафар хонандагон ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ гардиданд.

Лозим ба таъкид аст, ки дастаи вилояти Суғд аз рӯи ишғоли ҷойҳои намунавӣ миёни минтақаҳои кишвар ҷойи аввалро сазовор гардид.

Боиси ифтихору хушнудист, ки дастпарвари Маркази таҳсилоти иловагии назди раёсати маориф, хонандаи мтму№36 Маматов Шаҳзод бо ихтирои худ - робот дар озмуни мазкур соҳиби ҷойи аввал гардида, бо диплом сарфароз гашт. Дар Соли ҷавонон ин дастоварди назаррас буда, ӯ ният дорад, чунин ихтироотро идома дода, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардад. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей