Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

644154
Сегодня
110
На этой неделе
356
В этом месяце
1803
Итого
644154
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

29.12.2017

Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом (даъвати 5)

Санаи 28 декабри соли 2017 Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом (даъвати панҷум) барпо гардид. Дар кори иҷлосия аз 40 нафар вакилони Маҷлиси шаҳрӣ 37 нафар вакилон иштирок намуданд. 

Дар кори иҷлосия Яъқубӣ Анвар – муовини Раиси вилояти Суғд иштирок намуд. Ҳамчунин дар иҷлосия роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳаллӣ, сохторҳои воҳидӣ, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои динӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом (даъвати панҷум)-ро раиси Маҷлис, вакил аз ҳавзаи интихоботии №38 -  раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ оғоз намуд.

Дар кори иҷлосия чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

- Ҳисоботи раиси шаҳри Конибодом оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2017;

 - Оид ба тасдиқи буҷети шаҳр барои соли 2018 ва тасдиқи иҷрои буҷети маҳаллӣ дар соли 2016.

- Ҳисоботи комиссияи доимӣ оид бамасъалаҳои иқтисодиёт ва буҷет, дастгирӣ ва тараққиёти соҳибкории хурд;

- Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Ҳ.Алиев» таҳти №5 Бобоҷонзода Азимҷон;

- Дар бораи пешниҳоди комиссияи шаҳрӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба номгузории муассисаву ташкилотҳо, таълимгоҳҳо ва объектҳои физикию ҷуғрофӣ

- Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Конибодом;

 - Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр.

    Аз сабаби он ки масъалаи якуми рӯзнома “Ҳисоботи раиси шаҳри Конибодом оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2017” дар рӯзномаи “Садои Конибодом” ба нашр расида, пешакӣ бавакилон дастрас гардида буд, вакилон якбора ба муҳокимаи масъалаи мазкур гузашта, дар муҳокимаронӣ – Самиев Ҳусейнбой, вакил аз ҳавзаи интихоботии №40, Азимов Валиҷон, вакил аз ҳавзаи интихоботии №27, Саидӣ Баҳодур, вакил аз ҳавзаи интихоботии №36 баромад намуда, вакилон оид а ин масъала қарор қабул намуданд.

 Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома – - Оид ба тасдиқи буҷети шаҳр барои соли 2018 ва тасдиқи иҷрои буҷети маҳаллӣ дар соли 2016 сардори раёсати молияи шаҳр Ашӯров Хуршед баромад намуд.  Бо маърӯзаи иловагӣ Деҳқонова Мубина – аъзои комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои иқисодиёт, буҷет ва дастгирии соҳибкории хурд баромад намуда, лоиҳаи қарор ба овоз монда шуда, аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул гардид.

         Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома “Ҳисоботи комиссияи доимӣ оид бамасъалаҳои иқтисодиёт ва буҷет, дастгирӣ ва тараққиёти соҳибкории хурд” Тоҳиров Баҳром Бурҳонович, вакил аз ҳавзаи интихоботии №6 баромад намуда, оид ба масъалаи мазкур низ қарори дахлдор қабул шуд.

    Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзномаи иҷлосия Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Ҳ.Алиев» таҳти №5 Бобоҷонзода Азимҷон шунида шуд.

 Аз рӯӣ масъалаи панҷум “Дар бораи пешниҳоди комиссияи шаҳрӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба номгузории муассисаву ташкилотҳо, таълимгоҳҳо ва объектҳои физикию ҷуғрофӣ” муовини раиси шаҳр, раиси комиссияи мазкур З.Ашурматзода баромад намуд ва лоиҳаи қарор ба овоз монда шуда, аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул гардид.

    Аз рӯи масъалаи шашуми рӯзномаи иҷлосия  “Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Конибодом” сардори нозироти андози шаҳр Пиров Фахриддин баромад намуд ва лоиҳаи қарор ба овоз монда шуда, аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул гардид.

Аз рӯи масъалаи ҳафтуми рӯзнома вакилон қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои кадрӣ, вобаста ба ворид намудани тағйирот ба нақшаи буҷети шаҳр барои семоҳаи чоруми соли 2017, барномаи маҳаллии рушди футбол ва варзиш дар шаҳр, дар бораи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии моликияти давлатӣ, дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ, ҳамзамон, 8 қарор оид ба ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби фонди захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вобаста ба дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, ҷамъ 14 адад  қарорҳоро тасдиқ намуданд.  

Ҳамаи масъалаҳои дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом (даъвати панҷум) пешниҳодгашта мавриди баррасӣ қарор дода шуда, иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бо садо додани суруди миллӣ кори худро ба анҷом расонид.

    Ҳамзамон, Яъқубӣ А. – муовини Раиси вилояти Суғд дар назди ҳозирин баромад намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар 11 моҳи соли 2017 ахбороти муфассал пешниҳод намуда, оид ба масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия, ҳамзамон, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр фикру андешаҳои худро иброз намуда, дастуру супоришҳо дод.

Инчунин, ҷиҳати фаъолнокии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳаллӣ, бонувон ва фаъолони шаҳр оид ба татбиқи нишондодҳои Паёми  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, Қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ ба вакилон, роҳбарон ва фаъолони шаҳр вазифагузориҳо карда шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей