Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

237765
Сегодня
15
На этой неделе
2119
В этом месяце
7753
Итого
237765
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи соли 2017 ************* Диққат озмун

29.12.2017

Табрикоти солинавии раиси шаҳр муҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н.

Ҳамдиёрони азиз!

Инак, Соли нави мелодии 2018 фаро мерасад ва ҳамаи мо бо шодиву нишот, умеду орзуҳои нек онро истиқбол намуда, ҳамзамон бо соли 2017, ки барои мардуми мо соли барору комёбиҳои навин ба шумор меравад, падруд мегӯем.

Иҷозат фармоед, Шумоён, ҳамшаҳриёни азизро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2018 самимона табрику муборакбод намуда, баҳратон сиҳатмандии комил, бахту иқболи накӯ, рӯзгори ободу фаровон ва барору комёбиҳо орзу намоям.

Албатта, соли 2017 дар саҳифаҳои таърихи кишвари азизамон пеш аз ҳама, ҳамчун соли таҷлили пуршукӯҳи ҷашни 25 -  солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд.  Он ҳамчун соли дастовардҳои беназир, мавриди истифода қарор дода шудани иншоотҳои ҳаётан муҳим, баргузории чандин ҳамоишҳои бонуфузи байналмилалӣ дар кишвар ва дигаргуниҳои бузурги бунёдкориву созандагиҳо арзёбӣ гардида, дар хотири ҳар яки мо чун соли накӯ нақш хоҳад баст.

Аз оғози соли 2017 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ сокинони шаҳр низ, ба корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза бахшида, баҳри шукуфоии диёру осудагии рӯзгорашон пурсамар кору фаъолият намуданд.

Қобили қайд аст, ки дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳо ба амал омада, нишондиҳандаҳо, аз ҷумла, дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, алоқа, сохтмон, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг  нисбати соли гузашта бо натиҷаҳои  мусбӣ ҷамъбаст гардиданд.

Ба истифода додани иншоотҳои гуногун ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор корхонаҳои хурди истеҳсолӣ албатта, боиси зикр аст. Ҳамзамон, тавассути ташаббусҳои дастаҷамъона дар маҳалу деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва таълимгоҳҳо бевосита бо дастгирии сокинон, ҳамчунин соҳибкорону саховатмандон корҳои ободонӣ, бунёди марказҳои саломатӣ, кӯдакистонҳо ва синфхонаҳо  сурат гирифта, аз ҷониби чунин саховатмандон теъдоди зиёди ниёзмандон дастгирӣ гардиданд.

Умед бар он мебандем, ки дар соли нави 2018 низ дар натиҷаи кӯшишу матонатамон, таҳти тадбирҳои судмандонаи роҳбарияти кишвар Тоҷикистони азизро боз ҳам сарсабзу обод ва зиндагиамонро шоиставу арзандатар хоҳем кард.

Бо чунин орзуҳои нек, Шумоён, ҳамшаҳриёни азизро бо фарорасии Соли нави мелодии 2018 самимона таҳният гуфта, баҳратон сиҳативу саломатӣ, бахту иқболи накӯ ва барору комёбиҳо орзумандам.

Бигзор, Соли нав ба Ватани азизамон ва ба ҳар як хонадон саодат ва пирӯзиву сарфарозиҳо оварад.     

  

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

             Бо эҳтиром 

             раиси шаҳр                        Боҳирӣ Ғ.Н.

Возврат к списку новостей