Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

221802
Сегодня
424
На этой неделе
3614
В этом месяце
8840
Итого
221802
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

05.12.2017

Маҳфил таҳти унвони «Падари ман беҳтарин»

Ҳамасола дар ҷаҳон аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр маъракаи иттилоотӣ таҳти унвони «16 рўзи мубориза  алайҳи зӯроварӣ нисбат ба занон» гузаронида мешавад. Он бахшида ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳама гуна маҳдудкунӣ нисбат ба занон рӯи кор омад. Соли 1999-ум Созмони Милали Муттаҳид ба хотири куштори хоҳарон Мирабэллаҳо аз Ҷумҳурии Доминикан, санаи 25-уми ноябрро расман Рӯзи байналхалқии мубориза бар зидди зӯроварӣ нисбат ба занон эълон карда буд. То 10-уми декабр идома ёфтани он низ бесабаб нест, зеро маҳз дар ин сана Рӯзи қабули эъломияи умумии ҳуқуқи башар, яъне Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад.

Санаи 1 декабри соли ҷорӣ вобаста ба масъалаи мазкур дар литсейи касбии саноатии кишоварзии шаҳр тибқи нақшаи муштараки шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳр ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо иштироки устодон, донишҷӯён мизи мудаввар таҳти унвони «Падари ман беҳтарин» доир гашт.

Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом иштирок ва баромад намуданд.

Сараввал Саримсоқов А. – директори литсей оид ба мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва маъраки иттиллотии 16 – рӯзи мубориза бар зидди хушунат ва зӯроварӣ фикру ақидаҳои хешро баён намуд. Қайд гардид, ки хушбахтона, хушунат дар байни мардум сол аз сол кам шуда истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз ҷониби масъулин хуб ба роҳ монда шудаанд.

Ҳамзамон, омӯзгорони литсей Аъзамова Д., Юсуфова Ҳ. оид ба иҷрои Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023, роҳ ва усулҳои пешгирии зӯроварӣ, муносибати хонаводагӣ, никоҳҳои бармаҳал намудҳои хушунат он ва ғайраҳо баромад намуданд.

Аз ҷониби донишҷӯёни литсей шеърҳо дар васфи падару модар қироат гардида, саҳначаи тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар охир намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Хуршедахон Холматова бо слайдҳои марбут ба пешгирии мубориза бар зидди хушунат оид ба роли субектҳои асосии татбиқкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” ва намудҳои он фикру ақидаҳои худро баён намуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей