Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

377812
Сегодня
448
На этой неделе
10846
В этом месяце
19578
Итого
377812
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

04.12.2017

Шӯрои собиқадорони шаҳри Конибодом дар вилоят беҳтарин дониста шуд

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати навбатии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр доир гашт. Дар ҷаласа мудири бахш оид ба корҳои  дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ҳасан Бобошукуров иштирок ва баромад намуд. Ҳамчунин, дар ҷаласа раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни комиссияҳои доимӣ, аъзоёни шӯро, намояндагони ташкилотҳои ҳамкор: афғончиён, чернобилчиён, муборизони сохти конститутсионӣ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр ширкат варзиданд.

Муовини раиси Шӯро Исмоилҷон Юсупов ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ошно сохт. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Дар бораи «Аҳамият ва моҳияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҶТ» иштирокчии бевоситаи Иҷлосия Мансур Мирзоев баромад намуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома ахбороти раисони комиссияҳои доимӣ оид ба кор байни занон ва ҷавонон шунида шуда, аз рӯи он қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Ҳамчунин, зимни ҷаласа Қарори ҷаласаи Раёсати Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд аз 03.11.2017с. ва Қарори ҷаласаи Шӯрои собиқадорони шаҳри Конибодом аз 11.11.2017 дар бораи натиҷаи озмунҳои «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии собиқадорони вилоят» ва «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии собиқадорони шаҳри Конибодом» бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз шунавида шуд. Зикр шуд, ки фаъолияти ҳамаҷонибаи Шӯрои шаҳрӣ дар миқёси вилоят беҳтарин дониста шуд.

Дар вазъияти тантанавӣ ғолибон сарфароз гардонида шуданд. Ташкилоти ибтидоии собиқадорони Литсейи касбии саноати кишоварзӣ сазовори ҷойи аввал, ташкилоти ибтидоии собиқадорони Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев ҷойи дуюм ва ташкилоти минтақавии ба номи Ҳоҷӣ Алиев соҳиби мақоми сеюм дониста шуда, бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей