Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

221804
Сегодня
426
На этой неделе
3616
В этом месяце
8842
Итого
221804
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

04.12.2017

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи БПНМО (СПИД)

Ҳамасола дар тамоми дунё 1 декабр ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди СПИД қайд карда мешавад.  Ба ин муносибат дар театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом чорабинии бошукуҳ - барномаи маърифатӣ таҳти унвони “Мо зидди вабои аср - СПИД” доир гашт. Нахуст ба иштирокдорони аксия варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.

Иқдоми мазкур бо ташаббуси ташкилотҳои ҷамъиятӣ, маркази ташаккули зисти солим ва маркази мубориза алайҳи СПИД дар шаҳр  роҳандозӣ гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯи кор омад. Зимни аксия донишҷӯёни коллеҷи тибби шаҳр баҳри дар сатҳи баланд сурат гирифтани он саҳми назаррас гузоштанд. Роҳҳои пешгирӣ ва мубталошавӣ ба ин беморӣ бо роҳу усулҳои мухталиф ва муассир нишон дода шуд. Саҳнача, рақс ва саҳначаҳои хурди ҳаҷвӣ (минитюраҳо), ташхиси лабораторӣ, шарҳ тавассути тахтаи электронӣ аз қабили усулҳое буданд, ки бинандаро аз хатари бемории ПНМО огаҳӣ дода, ба пеша намудани тарзи зисти солим раҳнамоӣ карданд.

Намояндагони ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат”, маркази мубориза алайҳи БПНМО (СПИД), маркази ташаккули ҳаёти солим, лоиҳаи “Флагман” ва раёсати маорифи шаҳр ба сухан баромада, натиҷаҳои тадбири Якмоҳаи мубориза алайҳи СПИД-ро ҷамъбаст намуданд. Ба ғолибони озмунҳо ва фаъолони барномаи фарҳангӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. 

Дар фарҷом намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр П.Абдуллоева  ба сухан баромада, ин иқдомро саривақтиву судманд арзёбӣ намуда, ба ташкилкунандагони аксия изҳори сипос намуд.

Бояд ёдовар шуд, ки минбаъд низ ташкилотҳои зикргашта аз ҷумла, ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат”дар доираи Лоиҳаи “Такмили маърифати тиббии аҳолӣ оид ба пешгирии паҳншавии вируси норасоии масъунияти одам дар 6 ҷамоати шаҳри Конибодом” бо дастгирии Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон ва USAID силсилаи тадбирҳоро мегузаронад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей