Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

221814
Сегодня
436
На этой неделе
3626
В этом месяце
8852
Итого
221814
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

29.11.2017

Вохӯрии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бо ҷавонони мтму№3

Бо иқдоми бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр имрӯзҳо бахшида ба «Соли ҷавонон» дар муассисаҳои таълимии шаҳр баргузории мулоқотҳо ба нақша гирифта шуда, сурат мегирад. Имрӯз чунин вохӯрӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бо иштироки муҳассилини мактаб доир гашт.

Дар вохӯрӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Парвина Абдуллоева ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ихтиёр Комилов иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст вохӯриро сарвари мактаб Аюбҷон Неъматов ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод.

Сипас сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр П.Абдуллоева ба сухан баромада, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбати насли ҷавон ҳарф зад. Зикр намуд, ки ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлат қарор дошта, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри онон мақсади асосӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, муҳассилини мактабро бо роҳбари нави ҷавонон ва иқдому нақшаҳои минбаъдаи роҳбарияти шаҳр дар самти кор бо ҷавонон шинос кард.

Сипас мудири тозаинтихоби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ихтиёрҷон Комилов баромад намуда, қайд намуд, ки дар қаламрави шаҳри Конибодом зиёда аз 64 ҳазор нафар наврасону ҷавонони аз синни 15 то 30 сола зиндагӣ доранд, ки 32 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд. Боиси сарфарозист, ки Соли 2017 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли ҷавонон» эълон гардид. Он пеш аз ҳама баёнгари арҷгузорӣ ба мақому манзалати насли ҷавон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. – зикр намуд ӯ.

Хонандагони фаъоли мактаб Шоҳрух Маҳмудов, Меҳрангез Боҳирова ва Машҳурахон Усмонова баромад намуда, қаноатмандиву сарфарозии хешро аз дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати кишвар дар шахсияти Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон иброз доштанд. Инчунин хонандагони мактаб пешниҳодҳои худро вобаста ба пешбурди соҳаи ҷавонон ва варзиши шаҳр баён доштанд.

Ҳамин тавр, вохӯрӣ самимиву судманд анҷом ёфт.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей