Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

221814
Сегодня
436
На этой неделе
3626
В этом месяце
8852
Итого
221814
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

28.11.2017

Тадбири оммавӣ: якмоҳаи маърифати сиёсии ҷомеа

Беҳтарин сухан гар салом бошад, накӯтарин рафтори инсонӣ  бахшидани гуноҳи ҳамдигарӣ ба хотири ояндаи дурахшон аст. Аз ин хотир, бо қалби поку беолоиш зиндагӣ ба сар бурдан шиори зиндагии ҳар як фарди ҷомеа бояд бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози ХV1 Шўрои Олии мамлакат зикр карданд, ки «Мо бояд арзиши сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун фарҳанги зиндагии мардум боз ҳам густариш диҳем. Дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту заҳматдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро тарбия кунем, то онҳо тавонанд Ватани азизамонро ҳамчун намояндагони сазовор ва арзандаи миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

«Дар ин лаҳзаҳои идона бо ифтихор иброз медорам, ки ман ба иродаи  қавӣ, нерўи созанда ва хиради азалии мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам. Аз ин лиҳоз, дар назди кулли сокинони шарафманди Тоҷикистон, ки аз оғози истиқлолият то имрўз ҳамаи мушкилоту маҳрумиятҳои сахту сангини зиндагӣ, хусусан, даҳшату фоҷиаҳои давраи ҷанги шаҳрвандиро босаброна таҳаммул карда, ба хотири таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти сарзамини аҷдодӣ бо сарҷамъӣ ва умед ба фардои ободу осуда заҳмат кашиданд, сари таъзим фуруд меорам».

Ин гуфтаҳои Пешвои муаззам ва маҳбуб назди халқ нишонаи олии хирадмандӣ, дурандешӣ, ба ҷо овардани эҳтироми шаҳрвандон ва садоқат ба Ватани азиз аст. Низои дохилӣ, ки душманони миллати тоҷик ба хотири бунёди давлати исломӣ ба миён оварданд, боиси ба ҳалокат расидани 150 ҳазор нафар шаҳрвандон, гуреза шудани беш аз як милён нафар ҳамватанони бегуноҳ гардид. Ҳамзамон, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор нафар занону модарон бефарзанду бесаробон монданд, ҳазорҳо хонаҳои истиқоматӣ вайрон шуданд.

Шукронаи зиндагӣ, ки оқибат ақли солим ғалаба кард. Бо кӯшишҳои ҷавонмардонаи Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо  расид. Бо гузашти ду даҳсолаи Ваҳдати миллӣ Сарвари муаззами миллат ҳамдигарфаҳмӣ ва бахшишро асоси пойдории сулҳу суботи кишвар ҳисобид.

Бино бар ин кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дод, ки моҳи декабри соли ҷориро «Якмоҳаи маърифати ҷомеа» эълон намояд. Ҳадаф аз ин тадбир омўзиши ҳамаҷонибаи суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз, тарбияи ҷавонон дар руҳияи садоқат ба Ватан, ёдоварӣ аз оқибатҳои ногувори ҷанги шаҳрвандӣ, тарғиби аҳамияти Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои замони Истиқлолият, эҳтироми ҳамдигарӣ, самараи покии қалб, дӯстиву бародарӣ ва амсоли инҳост.

Дар доираи тадбири оммавии якмоҳа дар кулли созмонҳои ибтидоии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ сурат мегиранд.

 

                      Азимҷон Бобоҷонзода,

                      раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ

                      дар шаҳри Конибодом

Возврат к списку новостей