Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

318068
Сегодня
63
На этой неделе
1142
В этом месяце
11946
Итого
318068
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

28.11.2017

Мулоқот бо кормандони театр

Бо мақсади тарбияи наврасон дар руҳияи ахлоқи нек, зиёд намудани шавқи онҳо нисбати театр ва намоишҳои театрӣ, инчунин баланд бардоштани руҳияи идонаи бачагон ва беҳтар гардонидани ҳолати молиявии театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳрамон ташкили намоишҳои солинавӣ ба нақша гирифта шудааст. Оид ба масъалаи мазкур дар муассисаи мазкур вохӯрӣ доир гардид. Дар он муовини раиси шаҳр Илҳомҷон Ҳомидӣ, сардори раёсати маориф Абудсаттор Исроилов ва ҳайати театр ширкат варзиданд. Муовини раиси шаҳр И.Ҳомидӣ зимни вохӯрӣ аз вазъи кор пурсон шуда, барои пешбурди фаъолият дастуру маслиҳатҳои судманд дод. Аз ҷумла, вобаста ба ташкили намоишҳои солинавӣ барои мактаббачагон ақидарониҳо сурат гирифта, таъкид карда шуд, ки ба сифати барномаҳои солинавӣ ва ҷиҳати тарбиявии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.  Инчунин, ба сардори раёсати маорифи шаҳр барои муосидат дар ташкили намоишномаҳо барои мактаббачагон супоришҳои мушаххас ва ба ҳайати театр ҷиҳати ташкили чунин намоишномаҳои баландмазмун дар ҳудуди кумитаҳои маҳаллӣ низ маслиҳатҳо дода шуд.

Дар фарҷом муовини раиси шаҳр И.Ҳомидӣ аз бинои театр дидан намуда, ҷиҳати бартараф намудани баъзе норасоиҳо пешниҳодҳо дод.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей