Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

221814
Сегодня
436
На этой неделе
3626
В этом месяце
8852
Итого
221814
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

27.11.2017

16 Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ дар оила

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «16 Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ дар оила», ки аз санаи 25 ноябр дар миқёси вилоят оғоз гардид, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи шуъбаи кор бо зан ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар боғи фарҳанг ва истироҳатии шаҳр бо ҷалби васеи занону духтарон аксияи иттилоотонӣ таҳти унвони «Мо зидди зӯроварӣ» баргузор гардид.

Дар он муовини раиси шаҳр Ашурматзода З.У.  иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромад зикр гашт, ки ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» боиси қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ гардид, ки татбиқи онҳо боиси беҳтар гардидани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа гардидааст. Дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” бо мақсади пурзӯр намудани фишангҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оиди роҳ надодан ба ҳаракати зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар муҳити зист, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Баҳри амалӣ гардонидани “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, Қарори Раиси шаҳри Конибодом “Оид ба амалӣ гардонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 таҳти №294 “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ  дар  оила  дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” ба тасвиб расонида шуда, дар ин самт шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамчун субъекти ваколатдор дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида фаъолият намуда истодааст.

Баъдан аз ҷониби имомхатиби масҷиди “Тезгузар”-и шаҳр Нуруллохон Ҳидоятов ба масъалаи хушунат нисбати занон дар оила ва омилҳои асосии ба вуҷуд омадани зӯроварӣ аз нигоҳи динӣ равшанӣ андохт.  Раиси Шӯрои занони соҳаи тандурустӣ Муҳтарамҷон Абдусатторова оид ба масъалаҳои, намудҳои зӯроварӣ, пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва таъсири манфии зӯроварӣ ба саломатии аъзоёни оила маълумот ва дастурҳои муфид дода шуданд.

Аз ҷониби хонандагону донишҷӯён дар мавзӯи муқаддасоти оила, васфи зан-модар шеърҳо қироат гардид. Санъаткорони ҷавон доир ба мавзӯъ суруду таронаҳои ҷолиб ешкаш карданд. Аз ҷониби муҳассилини мтму№23 бо номи “Зулми хушдоман” саҳнача пешкаш шуд.

Инчунин, дар ҷараёни аксия ба иштирокчиёни чорабинӣ варақаҳои тарғиботӣ дода шуда, рафти аксия тавассути воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ инъикос гардид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей