Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

633069
Сегодня
161
На этой неделе
1388
В этом месяце
3678
Итого
633069

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 18.10.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –81,5 %, Пӯлотон – 85,9%, Ғ.Ортиқов – 85,0%, Р. Ҳамробоев – 105,5%, Э.Шарифов – 88,7%, А.Лоҳутӣ –84,2%. Ҳамагӣ: 90,9%

27.11.2017

Вохӯрӣ бо ронандагони нақлиёти мусофиркаш

24 ноябр бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёти мусофиркашон дар шаҳр бо кулли ронандагон ва роҳбарони нақлиёти мусофиркаши шаҳр вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Илҳом Ҳомидӣ иштирок ва суханронӣ намуда, онҳоро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфт.

Зимни вохӯрӣ саҳми назарраси соҳаи нақлиёт дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии шаҳр қайд карда шуда, дар баробари ин вобаста ба баъзе камбудиҳо ҳангоми хизматрасонӣ ба аҳолӣ эродҳо гирифта шуда, ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи хизматрасонӣ ба мусофирон даструрҳо дода шуд.  Аз ҷумла оид ба риояи ҷадвали ҳаракат дар роҳ, саривақт гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва техникӣ, тозаву озода нигоҳ доштани нақлиёти мусофиркашон, дараҷаи баланди муошират бо мусофирон ва таъминот бо либоси ягонаи корӣ маслиҳату дастурҳо дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳр алҳол 5 корхона: ҶДММ «Сафар-Канд», ҶДММ «Салом», ҶДММ «Автомотогазсервис», ҶДММ «Мадад - Трейдинг», ҶСК «Соҳиб-Транс» ба  мусофирбарӣ ва боркашонӣ фаъолияти худро равона намуданд. Ҳоло, дар ин муассисаҳои мусофиркашонӣ ба аҳолии шаҳр 349 адад нақлиёт дар самти 33 хатсайрҳо хизмат расонида истодаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи нақлиёт  5 адад ва шумораи хатсайрҳо 2 адад зиёд мебошанд.

Дар даҳ моҳи соли равон аз тарафи муассисаҳои нақлиётӣ кашонидани мусофирон 15 млн. 527 ҳазору 100  нафарро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 млн. 469 ҳазор нафар зиёд буда, 113,3 фоизро ташкил дод. Гардиши мусофирон  135 млн. 479 ҳазору 200 мусофир- километрро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,3 фоизро дарбар мегирад.

 

Возврат к списку новостей