Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

221814
Сегодня
436
На этой неделе
3626
В этом месяце
8852
Итого
221814
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

24.11.2017

Роҳпаймоии ҷавонон бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ

Имрӯз дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатии ҶТ ботантана таҷлил карда шуд. Аз субҳ кӯчаҳои марказии шаҳрамон намуди идона дошта, шиору овезаҳо ва парчамҳои давлатӣ парафшон буд. Зиёда аз 2000 нафар ҷавонони шаҳр ба ин муносибат дар кӯчаи марказӣ роҳпаймоии идона доир намуданд. Роҳпаймоӣ дар ҳайати донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои касбӣ ва муҳассилини синфҳои болоии макотиби шаҳр аз майдони «Дӯстии халқҳо» бо шиорҳо ва парчамҳои давлатӣ оғоз шуда, дар саҳниоРо «Майдони Қаҳрамонон» бо барпо намудани ҷамъомади тантанавӣ ҷамъбаст гардид.

Дар ҷамъомад раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ бо суханони табрикотӣ баромад намуда, кулли сокинони шаҳрро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ шодбош гуфт. Зимни суханронии хеш ӯ аз қадру манзалати парчам ҳамчун нишони ҳастии давлат ва рамзи давлатдориву худшиносии миллӣ ёдовар гашт.

Аз ҷониби шаҳрдорӣ ба ғолибони спартакиадаҳои варзишӣ, ки байни донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ доир шуда буд, кубокҳо тақдим карда шуд. Дар навбати худ донишҷӯёни варзишгар ба раиси шаҳр ҷиҳати дастгирӣ дар рушди варзиш изҳори сипос намуданд.

Сипас композитсияи адабӣ аз ҷониби муҳассилини макотиби шаҳр пешкаши ҳозирон гардонида шуд. Консерти идонаи санъаткорони шаҳр ба чорабинӣ шукуҳи хоса зам намуд.

Чунин чорабиниҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот низ баргузор карда шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей