Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

209009
Сегодня
217
На этой неделе
2338
В этом месяце
10510
Итого
209009
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

11.11.2017

Дарёфти беҳтарин адрасбоф

Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву ҳунарҳои миллӣ ва меҳнати хонагии занону духтарон эҳё гардида, тавассути коргоҳи истеҳсолӣ ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифтани занону бонувон, қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 октябри  соли 2017, таҳти №485 ва қарори Раиси шаҳр аз 3 ноябри соли 2017, таҳти №619 “Дар бораи озмуни шаҳрии Маркази таълими истеҳсолии адрасбофи беҳтарин” ба тавсиб расидааст.

Бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик, дар ин замина дарёфти беҳтарин ҳунармандони атласу адрасбоф санаи 10 нобяри соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарифов дар Маркази таълимию истеҳсолии “Ганҷина” озмуни шаҳрии “Маркази таълими истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” гузаронида шуд.

Дар озмун Ашӯрматзода З.У. - муовини раиси шаҳри Конибодом, Раисони ҷамоатҳои деҳот, намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ҳунармандони ҳамаи марказҳои таълимӣ-истеҳсолии ҷамоатҳои деҳот ва муасиссаҳои таълимӣ, инчунин занони ҳунарманди хонашин  иштирок доштанд.

Нахуст дар даромадгоҳи ин боргоҳи ҳунар маҳсули ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта шуд, ки меҳмонон аз онҳо дидан намуданд.

Дар озмун адрасбофони ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ва муассисаҳои таълимӣ истеъдоди ҳунармандии худро дар назди ҳозирин нишон доданд ва аз ҷониби ҳакамон аз рӯи шартҳои озмун баҳогузорӣ гардиданд. Ҳангоми баҳогузорӣ асосан ба суръати истеҳсоли матои адрас ва сифати он таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шуд. Дар натиҷа сазовори ҷойи аввал маркази таълимию истеҳсолии “Бунафша” аз ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ҷойи дуюм муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 ва ҷойи сеюм  маркази таълимӣ- истеҳсолии “Ганҷина” муайян карда шуда, шоҳҷоиза насиби ҳунарманд - Абдуллоева Дилором аз ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ гардид.

Дар охир муовини Раиси шаҳр озмунро ҷамъбаст намуда, ба ҳамаи иштирокдорон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей