Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

209009
Сегодня
217
На этой неделе
2338
В этом месяце
10510
Итого
209009
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

09.11.2017

Ҷамъомад бахшида ба 100-солагии Инқилоби Октябр

7 ноябр дар коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров бахшида ба 100-солагии ғалабаи Инқилоби револютсияи Кабири сотсиалистии Октябр бо иштироки коммунистон ва ҷонибдорони Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро бо сухани табрикӣ котиби аввали кумитаи шаҳрии ҲКТ Ғаниҷон Юсупов оғоз намуд. Сипас маърӯза дар мавзӯи «Инқилобе, ки оламро ба ларза овард» шунида шуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Баҳодурҷон Маҳмудов иштирок ва баромад намуда, ҳозиринро аз номи раиси шаҳр табрик кард.

Баъдан омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ низ ба сухан баромада, иштирокчиёни ҷамъомадро табрик намуданд.

Дар анҷоми ҷамъомад ба ҷавонони ба Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон шомил гардида билетҳои ҳизбӣ супорида шуд. Ба собиқадорони ҳизбу меҳнат нишони сарисинагии «30 сол дар сафи ҲКТ» ва ифтихорномаҳои кумитаи шаҳрӣ супорида шуд.

 

 

Возврат к списку новостей