Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

334339
Сегодня
407
На этой неделе
1444
В этом месяце
10458
Итого
334339
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

08.11.2017

Таҷлили Рӯзи театри тоҷик

Фарҳангу ҳунар дар ҷомеаи башарӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани маърифату маънавиёти мардум ба шумор рафта, чун инъикосгари ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дорад. Махсусан театр ҳамчун оинаи ҳаёт дар ин ҷода саҳми боризу назаррас дорад.

Ҳамасола дар саросари кишварамон 7 ноябр Рӯзи театри тоҷик бо шукуҳу шаҳомати хоса қайд карда мешавад. Ба ин муносибат дар театри драмавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки онро мудири бахши фарҳанги шаҳр Бурҳониддин Ҷабборӣ ҳусни оғоз бахшид. Муовини раиси шаҳр Замирахон Ашурматзода бо суханони табрикотӣ баромад намуда, номаи шодбошии раиси шаҳр Ғайбулло Боҳириро ба самъи ҳозирин расонида, аҳли кормандони театрро табрик гуфт. Ба онҳо орзуҳои нек ва қуллаҳои баланди эҷодро орзу намуд.

Дар идомаи тантана намоишномаи «Қорӣ-Ишкамба» аз ҷониби аҳли ҳунари театр намоиш дода шуд, ки бо кафкӯбиҳо истиқбол намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей