Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

209002
Сегодня
210
На этой неделе
2331
В этом месяце
10503
Итого
209002
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

05.11.2017

Ҷамъомади идона ба муносибати 23-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсия

Ба муносибати 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола бо ифтихормандии хоса таҷлил карда мешавад, дар толори кохи фарҳанги «Бодом» ҷамъомади идона баргузор карда шуд. Дар он роҳбарияти шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозони қисми низомӣ, сарварони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорон, ҷавонон ва фаъолони шаҳр ширкат варзиданд.

Ҷамъомад бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт. Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ баромад намуда, сокинони шаҳрро ба муносибати фарорасии солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният гуфта, саломативу саодатмандӣ ва комёбиву муваффақиятҳо орзу намуд.

Шаҳрдор зимни баромади худ зикр кард, ки Конститутсия санади сарнавиштсози миллат ва омили муттаҳидшавӣ маҳсуб ёфта, дар эъмори давлати дунявӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан ва ризоияти шаҳрвандӣ, такмили сохторҳои давлат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон саҳми назаррас дорад. Боиси ифтихору қаноатмандист, ки Конститутсияи кишвар дар радифи 5 Контитутсияи беҳтарини кишварҳои дунё дониста шудааст.

Қайд намуд, ки вазифаи асосии ҳар як шаҳрванди кишвар эҳтироми талабот ва риояву иҷрои ҳатмии меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳофизати он буда, маҳз ба шарофати ин санади муҳиму арзишманд орзую ормони мардуми диёрамон амалӣ ва роҳи ояндаамон ба сӯи бунёди ҷомеаи навину муосир равшан мегардад.

Баъдан барномаи рангину ҷолиби фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки саросар васфи ваҳдату якпорчагӣ, ҳамдиливу нишоти мардуми сарбаланди тоҷик буд, ки маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, Конститутсияи кишвар ба даст омадааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей