Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

209002
Сегодня
210
На этой неделе
2331
В этом месяце
10503
Итого
209002
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

03.11.2017

Паёми шодбошии раиси шаҳр муҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н. ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

 

Ҳанӯз бисту се сол муқаддам, рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве ощоз гардид, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми кишвар ва рушди давлатдории навини миллиамон нақши сарнавиштсоз дорад.

Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ, қабули Конститутсия барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, инкишофи ҷомеа ва бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гузошта, рушди бемайлони давлат, вазъи мӯътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, волоияти қонун ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишварро таъмин намуд. Он ҳамчун ҳуҷҷати барномавии  ҳаёти  ҷомеа  дурнамои пешрафти  Тоҷикистони соҳибистиқлолро  барои солҳои тӯлонӣ  пешбинӣ намуда, солҳо инҷониб талаботу меъёрҳои он аз тарафи шаҳрвандонамон мавриди  риояи дақиқ  ва эҳтироми ҳамаҷониба қарор дода шудааст.

Боиси сарфарозист, ки соли равон  сокинони ватани азизамон, аз ҷумла пиру барнои Конибодом  ин иди фархундаро дар арафаи ҷашни пуршукӯҳи таърихӣ 25-солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фазои соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ, созандагиву бунёдкориҳо ва бо рӯҳи болидаву дилҳои пурфараҳ истиқбол мегиранд ва дарвоқеъ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тантанаи шукӯҳманди ваҳдати миллӣ, ягонагии самимии халқ ва давлати соҳибистиқлоли мо табдил ёфтааст.

Изҳори итминон мекунам,  ки  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам, ҳамаи мову шуморо  дар роҳи расидан  ба ҳадафҳои созандаву  бунёдкорона раҳнамун сохта, меҳру муҳаббати ҳар як сокини шаҳрро ба ин санади тақдирсоз ва туфайли он ба ватану ватандорӣ ва худшиносиву ифтихори миллӣ боз ҳам тақвият мебахшад.

Бо ҳамин ниятҳои нек,  кулли мардуми сарбаланди шаҳрро бо ҷашни 23-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо самимият ва эҳтироми бепоён табрику таҳният гуфта, баҳратон сиҳатмандиву хонаободӣ, бахту иқболи накӯ, рӯзгори ободу осуда, осмони софу бещубор ва баҳри саодати имрӯзу фардои кишвар фатҳу кушоишҳои навин таманно дорам.

Бигзор, бахтномаи халқамон – Конститусияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  то абад устувору поянда бошад! 

 

   Ҷашни бузурги миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

 

 

              Бо эҳтиром,

              раиси шаҳр                            Боҳирӣ Ғ.Н.

Возврат к списку новостей