Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

256348
Сегодня
717
На этой неделе
3704
В этом месяце
11877
Итого
256348
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи соли 2017 ************* Диққат озмун ************* Ба диққати шаҳрвандон

03.11.2017

Паёми шодбошии раиси шаҳр бахшида ба Рӯзи театри тоҷик

Муҳтарам аҳли ҳунар!

Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон санаи 7-уми ноябр – Рӯзи театри тоҷик бо шукӯҳмандии хоса таҷлил мегардад.

Ин санаи мубораку фархундаро ба аҳли ҳунар, кормандони театр ва кулли ҳаводорону дӯстдорони ин санъати воло шодбошӣ намуда, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат ва барору комёбиҳо орзумандам.

Тавре ки равшан аст, фарҳангу ҳунар дар ҷомеаи башарӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани маърифату маънавиёти мардум ба шумор рафта, дар ин ҷода санъати театрӣ махсусан чун инъикосгари  ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дорад. 

Боиси қайд аст, ки театри драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳр дорои таърихи басо бою рангин буда, тӯли мавҷудияти хеш рисолати наҷиби фарҳангсолорӣ ва тамаддунофарии хешро сарбаландона иҷро намуда, имрӯзҳо низ, нақши созандаи худро ҳамчун оинаи ҳақиқии инъикосгари рӯзгори ҳалқ бомуваффақият идома медиҳад.

Боиси қаноатмандист, ки имрӯзҳо театри драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова рисолати хешро идома бахшида, дар баланд бардоштани маърифату маънавиёти мардум ҳиссаи сазовор гузошта, ҳамзамон, дар тарбия ва омода намудани кадрҳои ҷавони боистеъдод нақши арзанда дорад. Аҳли ҳунари театр дар таҳияи асарҳои саҳнавӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, озмуну фестивалҳо ва сафарҳои ҳунарӣ фаъолияти баланди касбӣ нишон дода, дастовардҳои эҷодии хешро афзун менамоянд.    

Албатта, изҳори боварӣ мекунем, ки гурӯҳи ҳунармандони ҷавону умедбахш, минбаъд низ ба комёбиҳои назаррас ноил шуда, фарҳангу ҳунари шаҳрро сазовор муаррифӣ хоҳанд кард. 

Аҳли театр ва мухлисону ҳаводорони ҳунари асилро бори дигар, ба муносибати Рӯзи театри тоҷик самимона шодбошӣ намуда, дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш баҳратон саломативу сарбаландӣ, рӯзгори  босаодат, ояндаи неку дурахшон ва осмони софу беғубор таманно  менамоям.

 Ид муборак!

 

                Бо эҳтиром,     

                раиси шаҳр                               Боҳирӣ Ғ.Н.                   

Возврат к списку новостей