Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

209007
Сегодня
215
На этой неделе
2336
В этом месяце
10508
Итого
209007
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Ҳисоботи 9 моҳа

15.10.2017

Ҳисобот оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Конибодом дар нўҳ моҳи соли 2017

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар нўҳ моҳи соли 2017 фаъолияти худро баҳри ҳамаҷониба татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, баҳри татбиқи ҳамаҷонибаи қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016-2020» ва «Стратегияи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр то соли 2020» равона намуда, дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои мусбиро ноил гардид, аз ҷумла:

- ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ –97 млн. 266 ҳазор сомонӣ;

 - ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ – 253 млн.  632 ҳазор сомонӣ;

 - сармоягузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо –25 млн. 829 ҳазор сомонӣ;

- ҳаҷми гардиши савдои чакана – 266 млн. 967,8 ҳазор сомонӣ;

- хизматрасонии пулакӣ – 147 млн. 656,2 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуданд.

 

Рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

консепсия ва барномаҳои давлатӣ

Таҳти назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳолати 1 октябри соли 2017 ҳамагӣ 170 адад қарорҳои назоратии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабулгардида ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қарор дорад.

Инчунин, 112 адад нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд, ҷамъбасти иқтисодиву иҷтимоӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ, мулоқоту вохўриҳои Сарвари давлат бо кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон, варзишгарон, соҳибкорон, фаъолони ҷомеа ва донишҷўён, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои ислоҳоти замин, рушди саноати сабук, мумфаршкунию таъмири роҳҳои автомобилгард, ободонии кўчаҳо ва маҳалҳо буда, масъалаҳои мазкур зери  назорати доимӣ  қарор дода шудаанд.

 

Фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳр

Дар нўҳ моҳи соли 2017 вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр се маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳрро гузаронида, дар он масъалаҳои рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», “Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2016, №4 «Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018, «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушду пешрафти ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

 

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мунтазам вохўриҳо ва қабули интихобкунандагон аз рўи нақша ташкил карда шуда, ҳамзамон, дар арафаи таҷлили ҳар иду айём аёдати шахсони яккаву танҳо ва мўҳтоҷону ниёзмандон гузаронида шуда, ҳамзамон, вакилон дар ташкил ва гузаронидани тамоми чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангии шаҳр фаъолона иштирок намуданд.

Аз санаи 11 то 20 сентябри соли 2017 вохўриҳои фаъолон ва сокинони шаҳри Конибодом бо аъзоёни гуруҳи таблиғотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронида шуданд, ки дар онҳо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр низ фаъолона иштирок намуданд.

 

                        Вазъи иҷрои буҷет

Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ дар 9 моҳи соли 2017 ба маблағи 44 млн. 704,9 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра 42 млн. 160,8 ҳазор сомонӣ  ба буҷет ворид карда шуд, ки 94,3 фоизи нақшаро ташкил намуд.

Дар ин давра иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба 92,8 фоиз таъмин гардид. Аз рўйи нақша воридоти 39 млн. 965,8 ҳазор  сомонии пешбинишуда, дар асл 36 млн. 781,8 ҳазор  сомони маблағ ворид гардид, ки нисбати нақша  2 млн. 876 ҳазору 999 сомони кам мебошад.

       Аз 10 намуди андозҳо иҷроиши нақшаи 7 намуди он таъмин гардида, нақшаи 3 намуди андозҳо иҷро нагардиданд (андоз аз даромад -96,6 фоиз, андоз аз фоида -45,4 фоиз ва андоз аз арзиши иловашуда- 57,5 фоиз), ки дар натиҷа ба буҷети маҳаллӣ   5 млн.937 ҳазору 231 сомони маблағ ворид нагардид.

 

 

        Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳалии шаҳр ба маблағи 45 млн. 3 ҳазору 547 сомонӣ пешбинӣ шуда, ба маблағи 44 млн. 973,3  ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки баробари 99,9 фоизи нақша мебошад.

 

Вазъи хусусигардони ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ

 Дар давраи ҳисоботӣ 3 комиссия оид ба хусусигардонии манзил гузаронида шуда, 45 ҳуҷраи истиқоматӣ бо масоҳати умумии 2676,75м2 хусусӣ гардонида шуда, 7 ҳазору 404 сомонӣ ба буҷети дахлдор ворид гардид.

Дар шаҳри Конибодом лоиҳаҳои зерин амалӣ шуда истодаанд;

  1. Лоиҳаи азнавбарқароркунии системаҳои оби нўшокӣ ва канализатсия барои солҳои 2007-2020.

  Маблағи лоиҳаи мазкур 4392,0 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ шуда, аз ин 2060,0 ҳазор доллари ИМА қарзи дарозмуддати Бонки Аврупои ва боқимонда 2332,5 ҳазор доллари ИМА гранти котиботи Швейтсария мебошад. Маблағгузории лоиҳаи мазкур аз тарафи Бонки Аврупо сурат мегирад. Баҳри иҷроиши лоиҳаи мазкур меморандум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупо баста шудааст.

То давраи ҳисоботи ба маблағи 2 млн. 400 ҳазор доллари ИМА маблағ хароҷот карда шудааст. Аз он, 169,6 ҳазор доллари ИМА нақлиёти техникӣ-коммуналӣ, 1 млн. 932,1 ҳазор доллари ИМА таъмири кулли пойгоҳи канализатсионӣ, пойгоҳи обкашии дар ҳудуди идора ва барқароркунии ҳавзи 1000м3 ба иҷро расонида шуд.

 Бо сарчашмаи маблағгузории инвеститсионӣ аз моҳи январи соли 2016 дар маҷмўъ, 7,5 км қубури полиэтилении кутри 450мм дастрас карда шуда, то имрўз 7,5 км қубур аз пойгоҳи насосии «Пойменная» то пойгоҳи насосии №2 хобонида шуда, барои иваз намудани қубури фарсудашуда дар кўчаи Ленин 2,5 км қубури полиэтилении кутри 450мм иваз карда шудааст.

 

 

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ҶДММ «Назрӣ» сохтмони пойгоҳи обкашии «Пойменнная» шурўъ карда шуда, то индам ду адад ҳавзи обҷамъкунии 500м3 сохта шуда боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

 2. Лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ.

Баҳри амалӣ гардонидани барномаи тандурустии ҷамоавӣ аз санаи 3 январи соли 2011 аз тарафи ташкилоти байналхалқии ЮСАИД лоиҳаи «Тандурустии босифат» дар мавзўъи «Тибби оилавӣ» дар давоми чор моҳи соли ҷорӣ 4 нафар духтурон ва 17 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ барои курси бозомўзи ҷалб карда шуданд.

3. Лоиҳаи марказӣ будубоши рўзона барои кўдакони имконияташон маҳдуд.

Ҷиҳати сохтмонӣ марказӣ будубоши рўзона барои кўдакони имконияташ маҳдуд дар ҳудуди шаҳр бо дастгирии Сафоратхонаи Ҷопон лоиҳа ба маблағи 83,4 ҳазор доллари ИМА ба имзо расида, айни ҳол корҳои сохтмонии ин иншоот идома доранд.    

 

Вазъи соҳаи кишоварзӣ, истифодабарии замин ва ҳолати

мелиоративии заминҳо

 Маҷмўъи маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 253 млн.632 ҳазор сомониро ташкил дод, ки иҷроиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи 104,3 фоиз иҷро гардид.

Аз ҷумла иҷроиши маҷмўи маҳсулоти растанипарварӣ дар сатҳи 105,6 фоиз ва чорводорӣ 102,0 фоизро ташкил намуд.

        Ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ мувофиқи мувозинаи замини шаҳри Конибодом масоҳати умумии заминҳо 82894 гектарро ташкил менамояд, аз он ҷумла: 9668 гектар      - замини корам, 10538 гектар         - дарахтони бисёрсола, 6410 гектар      - чарогоҳҳо, ҳамагӣ заминҳои кишоварзӣ:  26616 гектар. 

 

 

 

 

         Инчунин: 3857 гектар    - замини наздиҳавлигӣ, 1153 гектар     -замини хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, 1049 гектар       - ҷангалу бешазор, 26081 гектар    - заминҳои зери об, 1214 гектар    - заминҳои зери роҳ, 1636 гектар      - замини зери иморату иншоот ва 21288 гектар - дигар заминҳоро ташкил медиҳад.

         Соли ҷорӣ хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр дар масоҳати 5093,8 гектар пахта, 26,3 гектар картошка, 402,2 гектар полезиҳо, 69,6 гектар сабзавот, 242,7 гектар ғаллаи баҳорӣ, 683,7 гектар шолӣ, 58,9 гектар ҷуворимакка барои дон ва 2074,3 гектар зироатҳои хўроки чорво, дар маҷмўъ 8651,5 гектар кишти баҳорӣ гузарониданд, ки нисбати дурнамои пешбинишуда 1092 гектар зиёд буда, иҷроиши дурнамои кишти баҳорӣ ба 114 фоиз таъмин карда шуд.

         Инчунин, 1160 гектар кишти такрорӣ ба нақша гирифта шуда, дар асл дар майдони 1216 гектар гузаронида шудаст, ки ин нисбати дурнамои пешбинишуда 56 гектар зиёд, ё ин ки 105 фоизи иҷроиши дурнамои пешбинишударо ташкил менамояд.

Баҳри беҳтар намудани вазъи ҳолати мелиоративии заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ тибқи нақша чорабиниҳо дар соли 2017 - 1080 гектар заминҳои ҳолати мелиоративиашон бад барои беҳтар намудан ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ зиёда аз 925 гектар ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар карда шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар мувозинаи хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр ҳамагӣ 20206 гектар (9668 гектар замини корам ва 10538 гектар дарахтони бисёрсола) замини обёришаванда мавҷуд буда, аз он зиёда аз 4602 гектараш дар ҳолати бади мелиоративӣ қарор дорад.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр ба масоҳати 4100 гектар замини корам бо сатҳи садамавии обанбори Қайроқум баробар гардидааст. Инчунин, дар мавзеи «Ҳошим-кўл»-и ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов сатҳи зиёда аз 150 гектар замин аз сатҳи садамавӣ то 6 метр паст мебошад.

 

 

Ба ҳолати 1 октябри соли 2017 идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии Конибодом ба хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр ба миқдори 159 млн. метри мукааб хизмати обрасонӣ намудааст, ки ин нишондод 84 фоизи нақшаи обрасониро ташкил менамояд. Аз ин миқдор 28 млн. метри мукааб аз ҳисоби чоҳҳои амудӣ, пойгоҳҳои обкашии дохили хоҷагиҳоро дар бар мегирад.

Арзиши оби додашуда 2 млн. 319 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки аз он 1 млн. 700 ҳазор сомонӣ маблағи хизмати обрасонӣ пардохт гардидааст, ки ин 73 фоизи арзиши оби додашударо ташкил менамояд. Қарзи хоҷагиҳо аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ 931 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ баҳри иҷрои Барномаҳои соҳаи кишоварзӣ корҳои зарурӣ бурда шуда истодаанд.

 

Иҷрои  дастуру  супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон, ки  дар ҷараёни сафарҳои корӣ нақшаи

чорабиниҳо таҳия ва ба иҷро расонида шудааст

Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафарҳои кориашон ба вилояти Суғд ва дар мулоқот бо аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров рўзҳои 23-25 марти соли 2017 баён шудаанд, яке аз самтҳои асосии фаъолият ба шумор рафта, баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии шаҳрвандон равона гардидаанд ва баҳри иҷрои вазифагузориҳо чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

 

 

 

 

 Вазъи соҳаи энергетика ва саноат    

       Дар ин давра, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ 97 млн. 266 ҳазор  сомониро ташкил кард, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта                          149,9 фоизро ташкил дода, ба маблағи 32 млн. 393 ҳазор  сомонӣ зиёд мебошад.

      Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда, 37 млн. 146 ҳазор сомонӣ ба коргоҳҳои калону миёна, 4 млн. 21 ҳазор сомонӣ ба  коргоҳҳои хурд,  47 млн. 166 ҳазор сомонӣ ба сектори хусусӣ ва       8 млн. 934 ҳазор сомонӣ ба хизматрасонии пулакии барқу об  рост меояд.

   Дар давраи ҳисоботӣ аз 49 корхонаҳои миёнаю калон ва хурди саноатӣ, 23-тои  онҳо суръати афзоиши  истеҳсоли маҳсулоти саноатиро таъмин намуда, 9  коргоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли маҳсулотро кам намуданд.

     Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ ба хоҷагии халқи шаҳр ба маблағи умумии 17 млн. 701 ҳазору 826 сомонӣ қувваи барқ дастрас гардида, аз ин 15 млн. 135 ҳазору 939 сомонӣ пардохт гардид, ки дар натиҷа,сатҳи пардохти барқи истифодашуда ҳамагӣ 85,5 фоизро ташкил кард.

      Аз он ҷумла, ба аҳолии шаҳр ба андозаи 9 млн. 630 ҳазору 394 сомонӣ қувваи барқ дода шуда, ба маблағи 8 млн. 530 ҳазору    990 сомонӣ маблағ пардохт карда шудааст, ки 88,6 фоизро ташкил медиҳад. Қарзи умумии истифодашудаи қувваи барқ ба санаи 01.10.2017 сол - 17 млн. 942 ҳазору 721 сомонӣ, аз ҷумла, 2 млн. 565 ҳазору 887 сомонӣ қарзи соли ҷориро ташкил медиҳад.

    Аз қарзи умумӣ, 11 млн.999 ҳазору 396 сомонӣ қарзи аҳолӣ,     2 млн.345 ҳазору 241 сомонӣ- Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, 1 млн.739 ҳазору 382 сомонӣ- корхонаҳои ғайрисаноатӣ ва 689 ҳазору 942 сомонӣ қарзи Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.

            Вазъи соҳаи сохтмон ва меъморӣ

 Дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ  аз тарафи ташкилоту муассисаҳои сохтмонӣ ба маблағи 4505954 сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта     116,4 % иҷро гардид. Истифодабарии маблағгузории асосӣ аз ҳамаи намуди сарчашмаҳо мувофиқи шаҳр 25828974 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152,4 фоизро ташкил дод, аз он ҷумла, корҳои сохтмону васлкунӣ 21877504 сомонӣ ё ин ки 132,4 фоизро нисбати хамин давраи соли гузаштаро ташкил намуд. Ҳамзамон, ба кор андохтани фондҳои асосӣ ва иншоотҳо дар давраи ҳисоботӣ 6888204 сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,6 % ташкил намуд.

Ба истифода додани манзилҳои истиқоматии шахсӣ дар шаҳр 11307 метри мураббаъро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 79,6 фоиз баробар аст.

 

Вазъи соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия

       Дар давраи ҳисоботӣ 5 корхона ба  мусофирбарӣ ва боркашонӣ фаъолияти худро равона намуданд.

Ҳоло, дар ин муассисаҳои мусофиркашонӣ 349 адад нақлиёт дар самти 33 хатсайрҳо хизмат расонида истодаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи нақлиёт 5 адад ва шумораи хатсайрҳо 2 адад зиёд шудаанд.

Дар ин давра, аз тарафи муассисаҳои нақлиётӣ кашонидани мусофирон 11 млн. 206 ҳазору 400  нафарро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113,1 фоизро ташкил дод.  Гардиши мусофирон  122 млн. 121 ҳазору 800  мусофир- километрро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,2 фоизро дарбар мегирад. Ҳаҷми боркашонӣ дар давраи ҳисоботӣ 121 ҳазору 500 тонна ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 101,2 фоизро ташкил дод.   

       Гардиши бор бошад 2818 ҳазору 900 тонна-километр буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта  91,6 фоизро ташкил дод.

       Даромади тарифии филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» 450 хазору 639 сомониро ташкил дод, ки ин 91,4 фоизи ҳамин давраи соли соли 2016 ташкил намуда,ба маблағи 362 ҳазору 276 сомонӣ хизмати пулакӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88,9 фоизро ташкил намуд. Сабаби асосии кам шудани даромад ва хизматрасонии  пулакӣ, фарсудашавии ноқилҳои хатти телефонҳо ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудани шаҳрвандон мебошад, ки нуқтаҳои телефони онҳо ба ҳолати консерватсия гузаронида шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар шабакаи телефонии шаҳрӣ 25,5 км хатҳои ҳавоӣ ва 40 км симҳо аз таъмир бароварда шуданд. Ҳамзамон, дар ин муддат ба 75 адад муштарӣ нуқтаи телефон насб карда шуда, дар деҳаҳои Кўчкак ва Зарбед хатти алоқа ба Шабакаи интернети умумиҷаҳонӣ пайваст карда шуда, 30 муштарӣ ба Интернет пайваст карда шудаанд.

 

Вазъи ҳолатҳои фавқулодда

Ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти техногенӣ дошта, ҳамагӣ 56 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 16 нафар ҳалок гашта, 31 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаҳо бистарӣ гаштаанд. Маблағи умумии зарари расонидашуда 103 ҳазору 743 сомониро ташкил медиҳад.

Аз он ҷумла:

а) Сўхторҳо-228 ҳодиса, маблағи умумии зарар 103 ҳазору 743 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷа 1 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расид.   

б) Садамаҳои нақлиётӣ ҳамагӣ 28 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 15 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 31 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногунӣ ҷисмонӣ бардоштаанд.

 

 

              Вазъи соҳаи илм, маориф ва фарҳанг

Дар  шаҳр ҳамагӣ 56 мактаб мавҷуд буда, фаъолияти муассисаи таълимии ғайридавлатии Б.Бобоев бо фармоишоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 05.05.2017, таҳти №1592 қатъ гардид.

Алҳол, ҳамагӣ муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 55 ададро ташкил намуда, аз ҷумла, 49 адад муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, 1 муассисаи  тавълимии парваришгоҳи шифоӣ, 1 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ, 1 литсей, 1 гимназия, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ ва 1 маркази касбинтихобкунии байнимактабӣ бо фарогирии 33 ҳазору 377 нафар хонанда,  инчунин, 14 муассисаҳои таҳсилоти томактабии тобеи Раёсати маориф, 3 кўдакистони ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва 6 кўдакистонҳои  хусусӣ бо фарогирии 3 ҳазору 434 нафар кўдакон фаъолият менамоянд.  Дар 55 мактабҳо 2582 нафар омўзгорон  ва дар  муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҳамагӣ 156 нафар кормандони педагогӣ фаъолият доранд.

Баҳри иҷрои барномаи компютеркунонӣ бо истифода аз имкониятҳо чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин муддат, аз аввали қабули барнома  муассисаҳои таълимии шаҳр бо 1098 адад компютерҳо, 195 адад принтерҳо, 8 адад проекторҳои электронӣ таъмин карда шуда, 55 муассиса ба шабакаи Интернет пайваст мебошад. Миқдори синфхонаи компютерӣ ба 84 адад расонида шудааст.

 

                 Тандурустӣ, кор бо занон ва оила  

Дар шаҳр 6 беморхона, аз ҷумла, беморхонаи марказӣ, беморхонаи бачагона, 4 беморхонаи минтақавӣ, маркази равоншиносӣ, маркази пўсту таносул, маркази мубориза бар зидди бемории сил фаъолият намуданд. Ҳамчунин, 2 маркази саломатии шаҳрӣ, 16 маркази саломатии деҳавӣ, 18 хонаҳои саломатӣ ва инчунин, маркази эмтаъминкунӣ, маркази ҳамбастагии бемориҳои кўдакона, маркази солимии репродуктивӣ, МТТХЗС ва қароргоҳи ёрии тези тиббӣ фаъолият мекунанд.

Дар соҳа 2271 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз онҳо 278 нафар духтурон ва 1482 нафар кормандони миёнаи тиб  мебошанд.        

Дар ин давра вазъи эпидемиологӣ нисбати бемориҳои сироятӣ беҳтар шуда,  бемориҳои домана, сўхтанӣ,  хорӣ ва вараҷа ба қайд гирифта нашудааст. Бемориҳои исҳоли амрози рўда 461 (674) ба 213 ҳодиса, лейшманиёзи пўст 1 (12) ба 11 ҳодиса,  бемории зардпарвинҳо 120 (213) ҳодиса ба 93 ҳодиса, обакон 54  (113) ба 59 ҳодиса, тепкӣ 107 (204) ба 97 ҳодиса кам шудааст.  

Аз шумораи умумии аҳолии шаҳр, ки зиёда аз 205 ҳазору  700 нафар мебошанд, 103 ҳазору 100 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 58 ҳазору 500 нафарашон занони қобили меҳнат буда, шумораи умумии занони роҳбарикунанда 170 нафаранд, ки дар давоми панҷ соли охир ба 40 нафар зиёд гардидааст.      

Ду нафар занони соҳибкори шаҳр сазовори  гранти Раиси вилояти Суғд дар соли 2017 гаштанд.

Айни ҳол дар ҳудуди шаҳр 10 адад марказҳои истеҳсоли адрас фаъолият намуда истодаанд. Дар ин давра ду ҳолати зўроварии иҷтимоӣ дар оила ва се ҳолати зўроварии ҷисмонӣ дар оила муайян карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳодисаи номатлуби даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ 17  ададро ташкил дод, ки аз онҳо 3 нафар занҳо  мебошанд. 

Дар ин давра, ҷудошавии оилаҳо  306 ададро ташкил намуда, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 32 адад зиёд мебошад.

Бо мақсади пешгирии ин падидаи номатлуб, дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Пайроҳаи хушбахтӣ”  дар мавзўи «Фарҳанг ва маърифати оиладорӣ»   семинар-машварат бо навхонадорон моҳе як маротиба доир мегардад.

Инчунин, маҳфилҳои доимоамалкунандаи «Дугонаҳо» ва “Хушдоманҳо”  ташкил карда шуда, ҳадафи асосӣ пеш аз ҳама ҷалби ҷавондухтарон ба касбу ҳунаромўзӣ, тақвият бахшидани ҳунару истеъдод, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, ҳифзи анъанаҳои қадимаи тоҷикона, таҳкими дўстиву рафоқат байни онҳо, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ҳурмату эҳтироми калонсолон,  пешгирии пошхўрии оилаҳо мебошад.

     

                         Варзиш ва ҷавонон

 Шумораи ҷавонон дар шаҳр 68 ҳазору 310 нафар буда,  33 ҳазору 600 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

 Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 116 маротиба чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла,  73 адад дар самти кор бо ҷавонон  ва 43 адад  мусобиқаҳои варзишӣ бо иштироки 36000  ҷавонон доир карда шуд. 

Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ  фаъолона иштирок намуда, ба 29 адад медали тилло, 30 адад  нуқра ва 48 биринҷӣ ноил гардиданд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 190 иншооти варзишӣ  ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 2 варзишгоҳ, 124 майдончаҳои варзишӣ, 54 толорҳои варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 8 иншоотҳои махсуси варзишӣ мебошад. Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар шаҳр 2 мактабҳои варзишӣ амал менамоянд, ки дар онҳо 620 нафар наврасону ҷавонон ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.     Аз шумораи умумии дастпарварони ин мактабҳо 65 нафар духтарон буда, нисбат ба соли гузашта 20 нафар зиёд мебошанд.  

 

     Вазъи соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.   

     Муҳоҷирати меҳнатӣ

Дар нўҳ моҳи соли 2017 дар шаҳр 836 нафар бекорон бо кори доимӣ таъмин шуда, 82 нафар бекорон ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 1160 нафар шаҳрвандон ба касбомўзӣ ҷалб гардида, ба 47 нафар ба маблағи 144 ҳазор 500 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. 

Музди миёнаи кормандони шаҳр 680 сомониро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 55 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар шаҳр 17950 нафар нафақахўрон ба қайд гирифта шуда, нафақапулиҳо ба пуррагӣ пардохт гардида истодаанд.

Дар ин давра аз  ҳудуди шаҳр 12586 нафар шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки аз ин 2790 нафар занҳо мебошанд. Дар маҷмўъ, аз шаҳри Конибодом дар муҳоҷирати меҳнатӣ 37 ҳазору 796 нафар шаҳрвандон қарор доранд.

Ҷиҳати иҷроиши супориши Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №201023 аз 3 апрели соли 2017  ҷиҳати ташкили корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ оид ба авф гардидани муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар риоя накардани қонунгузории иқомат аз ҳудуди Федератсияи Россия хориҷ карда шудаанд,  тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, оид ба мусоидат намудан барои вуруди қонунии онҳо ба Федератсияи Россия корҳои зарурӣ ба анҷом расонида шуданд.

 

   Маълумот дар бораи дастгирии маъюбон, оилаҳои

   камбизоат, иштирокчиёни ҶБВ ва нафарони дар ақибгоҳ  

   ба онҳо баробаркардашуда, нафақахўрон

Дар ин давра, 7366 нафар шахсони мўҳтоҷ ва оилаҳои эҳтиёҷманд аёдат карда шуда, дар маҷмуъ, кўмакҳои расонидашуда маблағи умумии 650036 сомониро ташкил намуданд.

Ба муассисаи таълимии парастишгоҳи №40-и шаҳр аз ҷониби муассисаҳои сарпарастони вобасташуда ҳамагӣ ба маблағи 42011 сомонӣ кўмакҳои моддию пулӣ расонида шудааст.

Дар Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона  ба 93 нафар пиронсолон ва маъюбони яккаву танҳо, инчунин ба 11 нафар кўдакони имконияташон маҳдуд бо таври ройгон хизмати иҷтимоӣ  расонида шуда, барои 24 нафар маъюбон ва пиронсолони яккаву танҳо ҳамарўза як маротиба хўроки гарм ташкил карда шуда, барои онҳо шароити хуби хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. 

Ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва тибқи «Қоидаҳои бо воситаҳои техникӣ тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон» барои таъмини эҳтиёҷмандон ва маъюбон бо таҷҳизотҳои тавонбахшӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, ба 49 нафар шахсони эҳтиёҷманд асо ва асобағал бо таври ройгон дастрас шуда, 5 нафар маъюбон бо аробачаи маъюбӣ таъмин гаштанд.

 

            Вазъи тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр дар ҳамаи самтҳои хизматӣ 269 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 28 адад зиёд мебошад. Ошкоршавии ҷиноятҳои содиршуда 92,4 фоизро ташкил намуд. Одамкушии барқасдона ва сўиқасд ба одамкушӣ  3 ададро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 2 адад кам буда, кушодашавӣ 100 %-ро ташкил дод.                                                  

Дар ин давра, 4 ҷинояти мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 1 адад зиёд буда, ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршуда 8 ададро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 1 адад зиёд мебошад.

 

       

 

 

  Вазъи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

 Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2017, таҳти № 934 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мўҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони соли таваллудашон 1990 – 1999 ба хизмати ҳарбӣ», Қарори Раиси вилояти Суғд аз 20 сентябри соли 2017, таҳти №453 ва Қарори раиси шаҳр аз 25 сентябри соли 2017, таҳти №548 ба тасвиб расонида шуда, дар ин муддат як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

Дар даъвати баҳоронаи соли 2017 тибқи нақшабандӣ бояд 209 нафар ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гуселонида мешуданд. Дар асл 213 нафар ҷавонписарон гуселонида шуда, нақша 101,9 фоиз ба иҷро расонида шуд. 

 

   Ҳолати воқеии пахши барномаҳои телевизиони маҳаллӣ

 Дар шаҳр пахши барномаҳои телевизионии  шабакаи якум – 100%, “Сафина” 100%,  «Ҷаҳоннамо» - 100%, «Баҳористон» - 100% ва телевизиони вилояти Суғд ба 98,56 фоизро ташкил медиҳад.

    

             Баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон

Дар давоми нўҳ моҳи соли 2017 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  1014 адад мактубҳо аз ташкилоту муаасисаҳо ворид шудааст, аз он ҷумла:

- аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  - 14 адад;

- тавассути Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 136 адад;

- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон –  5 адад;

- вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – 126 адад;

- аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – 154 адад;

- шумораи муроҷиатҳои дастҷамъона – 29 адад;

 

Инчунин, дар давоми нўҳ моҳи соли 2017 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 2886 адад арзу шикоятҳо ворид гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 614 адад кам буда, 82,46%-ро ташкил медиҳад.

 

       Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи 

       танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»

Дар шаҳр як комиссияи доимии шаҳрӣ, 6 комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва 231 комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият мебаранд.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр 2434 маъракаҳо баргузор гардиданд, ки аз он 717 адад хатнасур, 1168 адад тўйи домодию арўсӣ, 317 адад маросими чил ва 232 адад маросими сол ташкил намуда, хароҷоти умумии маъракаҳо 13 млн. 966 ҳазору 500 сомониро дарбар гирифтааст.

Дар ин давра, 1178 адад ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, забҳи чорвои майда 42 сарро ташкил дода, сол аз сол камхарҷии маъракаҳо таъмин карда шуда истодааст. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ дар 16 чорабинӣ хатнасури хайриявии 62 нафар кўдакон, инчунин 3 адад туйи домодию арўсии хайрияви  гузаронида шуд.

Вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ташну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 32 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардидааст.  

Дар ҳудуди шаҳр 37 адад масҷидҳо фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 8 масҷиди ҷомеъ, 28 масҷидҳои панҷвақта мебошанд. Аз ҳисоби 46 нафар сокинони шаҳр, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таълим мегирифтанд, 21 нафари онҳо то дастур ва 19 нафари онҳо баъд аз интишори дастур ба Ватан баргардонида шуда, айни ҳол 6 нафар дар хориҷа қарор доранд.

 

Омодагӣ ба таҷлили ҷашни 25-солагии Иҷлосияи 16-уми

 Шўрои Олии Тоҷикистон

 

Дар давраи ҳисоботӣ дар кўчаҳои марказии шаҳр ба масоҳати 20000 м2 кабудизоркунӣ ва гулкорӣ карда шуда, барои ободонии даромадгоҳи шаҳр ва маҷмааи “Майдони Қаҳрамонон” 3000 дона гули садбарг ба маблағи 9000 сомонӣ, инчунин дарахти санавбар 340 адад ба маблағи 5100 сомонӣ, гулҳои ороишии петуния 2000 дона, ёсини ҳиндӣ 200 бех, гули канна 1000 дона шинонида шудаанд. Дар фасли тирамоҳ бошад, дар кўчаҳои марказии шаҳр 2500 бех гулҳои ороишӣ шинонида шуданд. 

 Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 12 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун ба маблағи умумии 9 млн. 140 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуда, ба маблағи 1 млн. 580 ҳазор сомонӣ роҳҳои автомобилгарди шаҳр асфалтпўш карда шуданд. Аз тарафи соҳибкорону сокинони шаҳр ба тариқи ҳашар ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ кўчаҳои шаҳр шағалпўш карда шуд. Таҷдиди яке аз кўчаҳои марказии шаҳр(кучаи Айнӣ) дар асоси лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара, ки бо сармоягузории Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр амалӣ шуда истодааст, босуръат идома дошта, мувофиқи нақша моҳи июни соли  2018 бояд анҷом ёфта ба истифода дода шавад.

Ҳамзамон, сохтмони иншооти баландфишори обии “Пойменная” ба маблағи 560 ҳазор доллари амрико идома ёфта, он бояд санаи 25 марти соли 2018 ба истифода дода шавад.

Бояд қайд намуд, ки айни ҳол бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи лоиҳаи барқарорсозии шабакаи оби нўшокии минтақаи шимоли Тоҷикистон», ки бо сармоягузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар шаҳр амалӣ шуда истодааст ва охири моҳи декабр бояд қисми зиёди аҳолии ҳудуди шаҳр бо оби нўшокии баландсифат таъмин карда шаванд. Дар ин самт, айни ҳол корҳои васлкунии қубурҳои хати оби мазкур ба маблағи 8 млн. 900 ҳазор сомонӣ идома доранд.

Баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳусни шаҳр ва ҷалби сокинони он ба варзиш, боз се майдонҳои сунъии футбол сохта ба истифода дода шуда, сохтмони бинои МТМУ №29 дар деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ ва дар МТМУ №53 сохтмони 8 синфхонаҳо идома дошта, дар МТМУ №32-и Ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарипов сохтмони 4 синфхонаҳои иловагӣ ва дар МТМУ №5 сохтмони толори варзишӣ огоз карда шуданд.

Дар ин давра, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев Хонаи саломатӣ ва маркази хизматрасонӣ-фарҳангӣ ба истифода дода шуда, дар маркази шаҳр сохтмони хонаи миёнаошенаи 28 ҳуҷрадор идома дошта, бинои маркази буду боши рўзона барои кўдакону наврасони имконияташон маҳдуд дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кулли сокинони шаҳр минбаъд низ, ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, барои ҷамъбасти сарбаландона ва натиҷабахши фаъолият дар соли 2017 кўшиш ба харҷ дода, барои пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи халқи тоҷик дар оянда низ талошҳо хоҳанд варзид.

 

Возврат к списку новостей